Рақси зеборо бибин: иҷрои рақси тоҷикӣ дар рӯи пули Бруклин дар Амрико

Дар наворе, ки Назир Аббос, аксбардори амрикоӣ, сохтааст, духтаре амрикоӣ пироҳани тоҷикӣ бар тан ва дар навои таронаи Нигина Амонқулова дар рӯи пули Бруклин мерақсад
Sputnik

Sputnik Тоҷикистон қаҳрамони ин наворро ҷӯё шуд. Вай Тара Пандея ном дошта ва аз сурхпӯстони амрикоӣ аст.

Тара аз хурдсолӣ рақсҳои шарқӣ аз ҷумла тоҷикиро омӯхта будааст.

“Ман ҳунари рақсии мардумони Осиёи Марказӣ – Афғонистон, Тоҷикистон, Узбакистон, Туркманистон ва Эронро бисёр дӯст медорам”, — гуфт Тара дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон.

Ин ишқ ӯро соли 2015 ба Тоҷикистон бурд ва ӯ нахустин хориҷие шуд, ки узви ансамбли миллии рақси Тоҷикистон шудааст. Боре Тара дар барномае ҳунарнамоӣ карда, ки барои раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон иҷро шуда будааст.

Тара Пандея ҳам раққос аст ва ҳам рақспардоз ва ҳамроҳ бо гурӯҳи ҳунарии Сирки Ду Солей дар 170 шаҳр, аз ҷумла Душанбе, бо рақсҳои тоҷикӣ ҳунарнамоӣ кардааст.

Назир Аббос худ аз тоҷикҳои Покистон аст ва то кунун чандин аксу навор аз тоҷикдухтарон дар Амрико гирифтаву мунташир кардааст. Ӯ порсол ба Тоҷикистон сафар карда ва силсилааксҳое аз табиату мардуми вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон омода карда буд.