Русия ва Покистон авзоъ дар Афғонистонро баррасӣ мекунанд

Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров ва ҳамкори покистонияш Хоҷа Муҳаммад Осиф фардо дар Маскав вазъият дар Афғонистонро баррасӣ хоҳанд кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Вазири умури хориҷии Покистон Хоҷа Муҳаммад Осиф ва ҳамтои русаш Сергей Лавров 20 феврал дар Маскав дидор ва мавзуъҳои ҳамкории ду кишвар ва масоили байналмилалӣ, аз ҷумла вазъ дар Афғонистонро баррасӣ хоҳанд кард.

Коршинос: Русия намегузорад, ки дар Осиёи Марказӣ “Давлати исломии” наве ташкил шавад

Вазорати умури хориҷии Русия иттилоъ дода, ки Серей Лавров ва Хоҷа Муҳаммад Осиф роҳҳои ҳалли масоили сиёсиву амниятӣ дар Афғонистонро низ баррасӣ хоҳанд кард.

“Вазъ дар Афғонистон Русия ва Покистонро низ нигарон кардааст. Бавижа густариши нуфузи гурӯҳи теруристии “Давлати исломӣ” дар Афғонистон ва тамоюли ин гурӯҳ барои мустақар шудан дар вилоятҳои шимолӣ ва шарқии он кишвар мояи нигаронии Маскав ва Исломобод аст”, — таъкид мешавад дар ин иттилоъия.

Вазорати умури хориҷии Русия гуфта, ки Маскав хоҳони рӯйкарди минтақаӣ ба ҳалли буҳрон дар Афғонистон аст ва умедвор аст, ки ройзаниҳои ниҳодҳои умури хориҷӣ дар Маскав ва нишастҳои Гурӯҳи “Созмони ҳамкории Шонгҳой – Афғонистон” дар масоили он кишвар судманд хоҳанд буд.