Кобул: Чин дар Бадахшон пойгоҳи низомӣ нахоҳад дошт

Мавзуъи ҳузури нерӯҳои низомии Чин дар Афғонистон то кунун матраҳ нашудааст, эълом кард Шурои амнияти Афғонистон
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Шурои амнияти миллии Афғонистон дар баёнияе гузоришҳо дар бораи пойгоҳсозии Чин дар вилояти Бадахшон ва ҳузури низомии он кишвар дар Афғонистонро беасос хонд.

“Бояд ба огоҳии расонаҳо бирасонем, ки инугна ҳамкории низомӣ аз сӯи кишварҳои хориҷӣ бе таъйиди Шурои миллӣ ва раисҷумҳур сурат намепазирад”, — гуфта мешавад дар баёнияи Шурои амнияти миллии Афғонистон, ки 18-уми феврал мунташир шудааст.

Пойгоҳи низомии Чин дар Бадахшон: рост ё дурӯғ?

Шурои амнияти миллии Афғонистон гуфтааст, ки “Ҷумҳурии Халқи Чин ва мардуми ин кишвар ҳаммонанди дигар кишварҳои минтақа қурбонии теруризм буда ва ин кишвар бо Афғонистон ва дигар кишварҳои минтақа дар ростои мубориза бо теруризм ҳамкорӣ мекунад”.

"Ҳамкориҳо миёни Афғонистон ва Чин паҳлӯҳои васеъ дорад, аммо баҳсе дар бораи ҳузури нерӯҳои чинӣ дар Афғонистон ҳануз матраҳ нашудааст", — тавзеҳ дода шудааст дар ин баёния.