Ҷашни солгарди бунёди Артиши Тоҷикистон бо ширкати Раҳмон баргузор мешавад

Дар чорчӯби ҷашни 25-умин солгарди бунёди Артиши миллии Тоҷикистон раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти кишвар барои афсарон манзилҳои иқоматӣ медиҳад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон дар барномаҳои ҷашни 25-умин солгарди бунёди Нерӯҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ширкат мекунад.

Режа дар ҷашни солгарди ташкили Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон баргузор намешавад

Барномаҳои расмии ҷашни солгарди таъсиси Нерӯҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон субҳи 23 феврал дар толори “Кохи Борбад” баргузор мешаванд.

Қарор аст, ки дар ин толор ҷаласаи идона ва ҳунарнамоии гурӯҳҳои созиву овозӣ баргузор шавад. Дар пойтахти кишвар бо иштироки Эмомалӣ Раҳмон чанд сохтмонҳои дорои аҳамияти мудофиавӣ, аз ҷумла манзилҳои истиқоматӣ барои афсарони артиши тоҷик, ба истифода дода мешавад.

Нерӯҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Нерӯи заминӣ, Нерӯи зудвокуниш, Нерӯи ҳавоӣ ва падофанди ҳавоӣ иборат аст.

Нахустин режаи Нерӯҳои Мусаллаҳи Тоҷикистони соҳибистиқлол 23 феврали соли 1993 дар маркази шаҳри Душанбе баргузор гардида буд.

Қаблан гузориш дода шуда буд, ки дар Тоҷикистон режае, ки рӯзи 23 феврал ба нақша гирифта шуда буд, баргузор намешавад.

Чунин тасмим дар робита ба он гирифта шуда буд, ки ҳукумати Тоҷикистон ба Вазорати дифоъ супориш дод то режаи бузурги худро ба муносибати 30-умин солгарди истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор кунад, ки 9 сентябри соли 2021 ҷашн гирифта мешавад.