Беҳтарин футболбози Тоҷикистон Фатҳуллоев ба дастаи “Истиқлол” баргашт

Фатҳулло Фатҳуллоев? нимҳимоятгари дастаи футболи “Истиқлол” дар поёни моҳи декабр ба Индонезия рафта ва бо дастаи футболи “Персела Ламонган” қарордод имзо карда буд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 19 фев – Sputnik. Нимҳимоятгари дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон Фатҳулло Фатҳуллоев ба “Истиқлол” (Душанбе) баргашт. Пештар хабар дода шуда буд, ки нимҳимоятгари 27-сола Фатҳулло Фатҳуллоев қаҳрамонии Индонезияро пас аз танҳо як моҳи будубош тарк намуд. Вай дар поёни моҳи декабр ба Индонезия рафта ва бо дастаи “Персела Ламонган” қарордод имзо карда буд.

Пирӯзии чоркарата: "Истиқлол" Ҷоми ФФТ-ро аз худ кард

"Персела" пеш аз оғози қаҳрамонии соли 2018 дар ҳайъати худ тағйирот ворид сохт. Шаш бозигари даста, аз ҷумла се бозигари хориҷӣ – Фатҳулло Фатҳуллоев аз Тоҷикистон, Ҷефферсон Лопес аз Бразилия ва Гастон Кастано аз Аргентина дастаро тарк карданд. Акнун Фатҳуллоев чунин тасмим гирифтааст, ки ба дастаи Душанбе баргардад. Аммо дигар бозигароне, ки аз Тоҷикистон ба Индонезия рафтаанд, ҳанӯз дар дастаҳои худ боқӣ мемонанд.

Ёдовар мешавем, ки аввалин шуда ба Индонезия капитани мунтахаби Тоҷикистон ва нимҳимоятгар Нуриддин Давронов рафта буд. Вай бо дастаи “Мадура Юнайтед”» қарордод имзо кардааст. Бозигари дигари дастаи мунтахаби Тоҷикистон Манучеҳр Ҷалилов, ки ду мавсими ахирро дар дастаи “Истиқлол” гузаронида буд, ба дастаи “Шривиҷай” гузашт.

Фатҳуллоев бо дастаи “Истиқлол” ба пойтахти Узбакистон рафта ва дар ин ҷо давраи тамриниро хоҳад гузаронд. Дар Тошканд “Истиқлол” бо дастаҳои Лигаи бартари Узбакистон чаҳор бозии дӯстона баргузор хоҳад кард. Тамринҳои “Истиқлол” дар Тошканд то 26-уми феврал идома хоҳанд ёфт.