Дар бораи сафири нави Узбакистон дар Тоҷикистон чӣ медонем?

Муовини пешини нахуствазири Узбакистон Эргаш Шоисматов сафири нави Узбакистон дар Тоҷикистон мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 18 фев — Sputnik. Шоисматов сафири пешини Узбакистон Шоқосим Шоисломовро, ки 14 сол боз дар ин симат буд, иваз мекунад.

Эргаш Шоисматов соли 1951 таваллуд шудааст.

Вай фориғуттаҳсили Донишкадаи политехникии Тошканд мебошад. Аз соли 1996 то феврали 2001 Шоисматов вазири энержии Узбакистон будааст.

Сафири Узбакистон Тоҷикистонро тарк мекунад

Солҳои 2001-2006 раиси ширкати ауксионии "Узбекэнерго" ва узви Шӯрои ИДМ.

Аз апрели соли 2006 то 13 июли 2010 муовини нахуствазири Узбакистон.

Аз моҳи феврали соли 2014 раиси Шӯрои профсоюзи коргарони соҳаи энержӣ.

Аз моҳи декабри соли 2016 вазифаи раиси Uztransgaz-ро бар уҳда доштааст.

Эргаш Шоисматов бо ордени "Меҳнат шуҳратӣ" қадрдонӣ шудааст.

Сафири нав авоили моҳи март зимни сафари расмии Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ба фаъолияти худ оғоз мекунад.