Дар байни дӯстон: Sputnik Тоҷикистон дусолагиашро ҷашн гирифт

Пойгоҳи хабарии Sputnik Тоҷикистон дувумин расонаи пурхонанда дар кишвар аст
Sputnik

Пойгоҳи хабарии байналмилалии Sputnik Тоҷикистон аз 15 феврали соли 2016 фаъолияташро дар Маскав оғоз кардааст.

Ҷашни дусолагии Sputnik Тоҷикистон дар бинои МИА "Россия сегодня" баргузор шуд. 

Пас аз қисми расмии барнома меҳмононро консерт ва оши палави тоҷикӣ интизор буд.

Барои табрикоти кормандони расона шахсони расмии Тоҷикистон ва намояндаҳои диаспораи тоҷикони Маскав омаданд.

"Sputnik Тоҷикистон пулҳои шикастаро барқарор мекунад ва чеҳраи тоҷиконро дар ҷомеаи  Русия барҷаста мегардонад",- мегӯяд раиси Маркази фарҳангии тоҷикони Маскав Хуршеда Ҳамроқулова.

Sputnik Тоҷикистон қисме аз Ожонсии байналмилалии "Россия сегондя" мебошад, ки баробари даҳҳо расонаи дигари ожонс фаъолияташро ба роҳ мондааст.

Пойгоҳи хабарии Sputnik Тоҷикистон дувумин расонаи пурхонанда дар Тоҷикистон аст.