Дар Бухоро дарвеши муаллақ пайдо шудааст

Акнун дар кӯчаҳои Бухоро гардишгаронро як тамошои дигар интизор аст - "дарвеши муаллақ". Кумитаи гардишгарии Узбакистон расман иҷоза додааст, ки дарвеш ба сайёҳон ҳунари худро нишон диҳад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Тавре Кумитаи рушди сайёҳии Узбакистон хабар медиҳад, дар Бухоро- қисми қадимаи шаҳр барои ҷалби диққати сайёҳон аттраксионе бо ширкати "дарвеши муаллақ" пайдо шудааст.

Фикри ташкил кардани "дарвеши муаллақ"-ро худи раиси кумита пешниҳод карда будааст. Узбакистон аз таҷрибаи кишварҳои аврупоӣ истифода кардаст, ки дар Аврупо метавон чашмбандҳоро фаровон мушоҳида кард.

Ба нақша гирифта шудааст, ки дар оянда дар дигар шаҳрҳои Узбакистон низ ин "мӯъҷиза" намоиш дода шавад.

"На танҳо дарвеш, балки дигар тобишҳои миллӣ ба монанди масхарабоз ва ё қаҳарамони афсонаҳои машҳур ба мисли Хоҷа Насриддинро метавонем барои ҷалби сайёҳон истифода кунем",-  мегӯяд раиси кумита.

Шаҳри Бухоро-минтақаи тоҷикнишини Узбакистон буда, дар соли 1997 2500-солагиашро ҷашн гириифтаанд. Дар соли 1993 ЮНЕСКО қисми таърихии шаҳри Бухороро ҳамчун мероси фарҳангии ҷаҳонӣ шинохт. Моҳи майи соли гузашта раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев барномаеро барои ташкили минтақаи гардишагрии "Бухорои қадим" қабул кард.