Шуд: Қӯрғонтеппа расман ба Бохтар номгардон шуд

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон охирҳои моҳи январ қарори дахлдореро ба имзо расонида буд, ки мавофиқи он Қӯрғонтеппа бояд ба Бохтар номгардон мешуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Дар иҷлосияи  чордаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон номи шаҳри Қӯрғонтеппа ба Бохтар, шаҳри Сарбанд ба Леваканд, ноҳияи Бохтар ба Кӯшониён иваз карда шуданд.

Ёдрас мешавем, охирҳои моҳи январ раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарори дахлдореро ба имзо расонид, ки мувофиқи он пас тасдиқи Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Қӯрғонтеппа расман Бохтар номида мешавад. Ҳамчунин дар қарори раисҷумҳур номи якчанд шаҳру навоҳии дигар оварда шуда буданд, ки бояд номгардон мешуданд.

Дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ номи шаҳраки Восеъи ноҳияи Восеъ ба Ҳулбук, номи деҳаи Қурбоншаҳиди  ҷамоати Гулистони ноҳияи Восеъ ба Меҳробод,  деҳаи Шота Руставелии ҷамоати Ситораи сурхи ноҳияи Ёвон ба Саргаҳ, деҳаи Тошохӯри ҷамоати ба номи Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон ба Боғдара ва деҳаи Будинободи ҷамоати ба номи Гулсара Юсуфоваи ноҳия Ёвон ба Зарриндашт  табдил дода шуданд.

Қӯрғонтеппа: чаро набояд маркази вилояти Хатлонро Бохтар номид?

Бояд тазаккур дод, ки шаҳри Қӯрғотеппа, ки акнун номи Бохтарро гирифт дар  соҳили чапи дарёи Вахш доман густурда, дар масофаи беш аз 100 км аз пойтахти ҷумҳурӣ- шаҳри Душанбе воқеъ мебошад.

Шаҳри Бохтар маркази маъмурии вилояти Хатлон  буда, дорои 105 ҳазор аҳолист ва баъд аз Душанбе ва Хуҷанд саввумин шаҳри бузурги Тоҷикистон маҳсуб меёбад.