Ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон ба $ 2,9 млрд расид

Тоҷикистон аз кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ 2,9 милёрд дулор қарздор аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Ҳаҷми қарзи хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар поёни соли 2017 ба 2,9 милёрд дулор расид, гузориш дод вазири молияи ҶТ Файзиддин Қаҳҳорзода.

Вай афзуд, ки ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон бештар аз 40,3 дарсад аз тавлиди нохолиси миллӣ шудааст.

Қарзии хориҷии Тоҷикистон ним милёрд дулор бештар шуд

Ба гуфти вазири молия, Тоҷикистон аз фурӯши вомбаргҳои давлатӣ барои сохтусози нерӯгоҳи Роғун 500 милюн дулор сармоя ба даст оварда ва то кунун камубеш 65 милюн дулор аз онро ҳазина кардааст.

«Сохтусози нерӯгоҳи Роғун ҳамакнун аз ҳисоби будҷаи давлатӣ ва пуле, ки аз хориҷа ҷалб шудааст, сармоягузорӣ мешавад ва дар ин масъала ҳеҷ мушкилие ҷой надорад», — гуфт Файзиддин Қаҳҳорзода.

Вай афзуд, ки дар соли 2018 барои иҷрои корҳои сохтмонӣ 2 милёрд сомонӣ аз будҷа ҷудо шудааст.