Дар Душанбе ба хотири хуруҷи қушунҳои ИШ аз Афғонистон роҳ паймуданд

Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов нақши муҳими созмонҳои собиқадорон ва ҷамъиятиро дар таҳкими ҳамкориҳои низомӣ-ёдгории байни халқҳои Русия ва Тоҷикистон махсусан қайд кардааст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Дар Тоҷикистон башида ба 29-умин солгарди хуруҷи қушунҳои шуравӣ аз Афғонистон чорабиниҳои тантанавӣ гузаронида шудааст.   

Рӯзи панҷшанбе рощпаймощие баргузор шуд, ки аз тарафи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, Фармондеҳии пойгоҳи низомии 201-уми Русия ва сарбозони  кущансол созмон ёфта буд. Ҳозирин хотираи ҳалокшудагонро бо дақиқаи хомӯшӣ пос доштанд.

"Ин ҷанг дар қалби тамоми халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ асари худро гузоштааст, ки он замон қушунҳои шӯравӣ на танҳо бар зидди муҷоҳидини афғон, балки бар зидди терроризми байналмилалие, ки акнун тавлиди худро меёфт, меҷангиданд, ва яке аз аввалинҳое, ки дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ саҳми арзандаи худро гузошта буданд, инҳо сарбозони интернатсионалистӣ буданд", — таъкид кард сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов.

Кумаки пойгоҳи 201-уми Русия ба куҳансарбозони ҷанги Афғонистон

Ӯ нақши муҳими созмонҳои собиқадорон ва ҷамъиятиро дар таҳкими ҳамкориҳои низомӣ-ёдгории байни халқҳои Русия ва Тоҷикистон қайд намуд.  

Дар маъракаҳои тантанавӣ раиси шӯрои ветеранҳои сарбозони итернатсионалистӣ Суҳроб Мирзоев, намояндаи "Россотрудничество" дар Тоҷикистон Михаил Вождаев, хонандагони синфҳои болоии мактаби миёнаи Вазорати мудофиаи ФР, ширкаткунандагони ҳаракати ҳарбӣ-ватандӯстонаи "Юнармия", фармондеҳӣ ва низомиёни пойгоҳи  201-уми Русия, оркестри ҳарбӣ ва низомиёи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ ва мақомоти давлатӣ ширкат доштанд.

Пеш аз ин, тазоҳуроти тантанавии сарбозони интернатсионалистӣ дар маркази вилояти Хатлон, шаҳри Қурғонтеппа, баргузор шуда буд, инчунин низомиёни ПҲР ба сарбозони интернатсионалистие, ки дар ҷанги Афғонистон иштирок доштанду дар ноҳияи Варзоб, 20 километрии шимолтари Душанбе, зиндагӣ мекунанд, кӯмаки башардӯстона расонида буданд.

Тибқи иттилои Шӯрои сарбозони куҳансоли Тоҷикистон, қарзи ҳарбии худро дар Афғонистон беш аз 15 ҳазор шаҳрванди кишвар адо кардаанд, ки 366 нафари онҳо кушта, беш аз 1000 нафарашон маҷрӯҳ гардидаанд. Ҳар сол сарбозони куҳансол дар шаҳри Душанбе дар назди пояи ҳайкали Қаҳрамони Иттифоқи Шӯравӣ Александр Мироненко, ки дар Афғонистон ҳалок гардидааст, ҷамъ меоянд.