ДУШАНБЕ, 16 фев— Sputnik. Дар ин ҷаласа Рамазон Раҳимзода суханронӣ намуда, ҳозиринро бо ҷараёни ислоҳоти милитсия ва дар ин раванд нисбати корҳои ба анҷом расонидашудаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилӣ, инчунин густариши муносибатҳо бо САҲА ошно намудааст, хабар медиҳад равобити умумии ВКД Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, ки маърузаи Раҳимзода аз ҷониби кишварҳои узви САҲА хуб пазируфта шудааст.
Намояндагони Словакия, Булғория, ШМА, Словения, Канада, Русия ва дигар кишварҳо ақидаҳои худро вобаста ба баромади вазир мусбӣ арзёбӣ намудаанд.
"Онҳо ташаббус ва кўшишҳои Ҳукумати Тоҷикистонро ҷиҳати ислоҳоти милитсия дастгирӣ намуда, қаноатмандии худро доир ба амалигардонии ислоҳоти милитсия қайд карданд", —омадааст дар хабарнома.
Ҳамчунин мулоқоти расмии Раҳимзода бо котиби Генералии САҲА Томас Гремингер, раиси Шўрои амнияти САҲА хонума Мария Виктория Гонсалес Роман, директори маркази САҲА оид ба пешгирии низоъ Марсел Пешко, директори Раёсати таҳдидҳои фаромилии САҲА хонума Раса Остраускайте ва Директори иҷроияи Раёсати Созмони Миллали Муттаҳид оид ба маводи нашъадор ва ҷинояткорӣ Федотов Юрий Викторович баргузор гардидааст.
Дар ин дидорҳо масъалаҳои раванди ислоҳоти милитсия, пешгирии хатарҳои трансмиллӣ, мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил ва ғайра баррасӣ гардидаанд.
Намояндагони САҲА ва Созмони Миллали Муттаҳид қайд кардаанд, ки Тоҷикистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ ҳамчун шарики боэътимод аст ва омода ҳастанд, ки ҳамаи иқдомҳои Тоҷикистонро дастгирӣ намоянд, чунки он дар хати якуми муқовимат бар зидди ҷиноятҳои трансмиллӣ қарор дорад.