Тарма нархи билети парвоз аз Душанбе ба Хуҷандро се баробар гарон кард

Нархи билети ҳавопаймо дар паи огаҳирасонӣ аз хатари резиши тарма дар роҳи Душанбе – Хуҷанд якбора гарон шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Нархи билети парвоз дар масири Душанбе – Хуҷанд – Душанбе дар паи огаҳирасонӣ аз хатари фурӯ рехтани тарма дар роҳи заминӣ миёни пойтахти Тоҷикистон ва маркази вилояти Суғд се баробар гарон шуд.

Ҳушдори КҲФ аз тармафароӣ: боду ҳавои Тоҷикистон барои имрӯз

Пеш аз ин билети парвоз аз шаҳри Душанбе ба Хуҷанд 287 сомонӣ арзиш дошт, вале имрӯз онро ба 520 сомонӣ мефурӯхтанд.

Ширкати мусофирбарии ҳавоии “Тоҷик Эйр” барои парвози рӯзи шанбе, 17 феврал нархи 470 сомонӣ ва барои парвози рӯзи якшанбе, 18 феврал нархи 300 сомониро муқаррар кардааст.

Ширкати мусофирбарии “Сомон Эйр” барои наздиктарин парвозаш дар рӯзи якшанбе 400 сомонӣ нарх гузоштааст.

Билетфурӯшиҳои ин ширкатҳо дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд гуфтанд, ки барои ин парвозҳо бо ҳамин нархҳо мусофир ба андозаи кофӣ доранд.

Кумитаи умури изтирории Тоҷикистон имрӯз ба огаҳии шаҳрвандон расонд, ки дар наздиктарин рӯзҳо дар паи бориши барф дар кӯҳсорон хатари фурӯ рехтани тарма дар роҳҳои Душанбе – Хуҷанд ва Душанбе – Хоруғ афзоиш ёфта ва беҳтар аст аз сафар дар роҳҳои заминӣ худдорӣ кунанд.