Раисҷумҳури Тоҷикистон ҷоизаи “Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон”-ро бунёд гузошт

Ҷоизаи Эмомалӣ Раҳмонро шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳо барои саҳмгузорӣ дар густариши мардумсолорӣ ё демократия дарёфт хоҳанд кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ҷоизае барои саҳмгузорӣ дар густариши мардумсолорӣ бунёд гузоштааст, хабар медиҳад дафтари иттилоърасонии раҳбари Тоҷикистон.

“Ҷоизаи “Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон” ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар кишварҳо ва ҳамчунин касоне, ки шаҳрвандии ҳеч кишвареро надоранд, барои саҳми арзандаашон дар густариши мардумсолорӣ тақдим мешавад”, — гуфта мешавад дар иттилоъия.

Гуфта мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон чанде пеш қарореро дар ин бора имзо кардааст, ки бояд дар Маҷлиси Намояндагон ва Маҷлиси Миллӣ баррасӣ ва тасвиб шавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба афсарони Гвардияи миллӣ хона дод

Ин ҷоиза аз як нишон ва 125 ҳазор сомонӣ иборат аст. Нишон тиллоӣ аст ва бар рӯи он тасвире аз Эмомалӣ Раҳмон барҷастанигорӣ шудааст. Ҳамроҳ бо ин ҷоиза 125 ҳазор сомонӣ низ ба дорандааш тақдим хоҳад шуд.

Қарор аст, ки ин ҷоиза барои “саҳми хос дар рушди демократия”, “барои устувор кардани сулҳу субот дар ҷомеа” ва “барои рушди дӯстӣ миёни халқҳо” як бор дар се сол тақдим шавад.

Ин ҷоиза бар асоси муқаррароти Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат” бунёдгузорӣ шуда, ки таъсиси нишони “Пешвои миллат”, Бунёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, осорхона, китобхона ва бойгонии Пешвои миллатро дар назар дорад.

Номзадҳо барои дарёфти ҷоизаи “Пешвои миллат – Эмомалӣ Раҳмон”-ро вазоратҳо, идораҳо, ҳукуматҳои вилоёту шаҳру ноҳияҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ метавонанд пешниҳод кунанд.