Муноқишаи муҳоҷирон дар Маскав якеро бистарӣ кард. Навор

Дар Маскав миёни муҳоҷирон муноқишае сар задааст, ки дар паи он як ҷанҷолӣ дуввумиро бо корд захмӣ кардааст
Sputnik

Нахуст ҷанҷол миёни ду муҳоҷир сар задааст. Вале баъдтар ба ин муноқиша дӯстони ҳар ду ҷониб ҳамроҳ шудаву муноқишаро оммавӣ гардонидаанд. Дар ин бора равобити умумии ВКД Маскав хабар медиҳад.

"Ба нақли кормандони ҳифзи ҳуқуқ, ки ба ҷои муноқиша ҳозир шудаанд, ҷанҷол дар назди яке аз марказҳои савдои Маскав миёни ду ҷавон сар задаасту аввалӣ дуюмиро бо корд захмӣ карда охиринро дар қисми шикамаш ҷароҳатдор кардааст", — омадааст дар хабарнома.

Муҳоҷир бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористон бистарӣ шудааст.

Кормандони ҳифзи ҳуқуқ гунаҳкорро боздошт кардаву бозҷӯӣ идома дорад.