Коршинос: дар Афғонистон беш аз 20 гурӯҳи теруристӣ ҳаросафканӣ мекунанд

Намояндаи Вазорати дифоъи Афғонистон аз афзоиши шумори гурӯҳҳои теруристӣ дар он кишвар ва таҳдидашон ба амнияту суботи минтақа мегӯяд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 15 фев — Sputnik. Дар Афғонистон афзун бар “Толибон” ва “Давлати исломӣ” дигар гурӯҳҳои теруристӣ низ фаъолият доранд.

Ҳамакнун дар қаламрави Афғонистон камубеш 20 гурӯҳи теруристӣ фаъол аст, гуфт муовини сухангӯи Вазорати дифоъи Афғонистон Муҳаммад Родманиш дар мусоҳиба бо Sputnik Афғонистон.

“Дар канори “Толибон” ва ДОИШ, гурӯҳҳои дигаре чун “Лашкари Тайиба”, ҳизби “Ҷамоъати исломии Покистон”, “Ҳаракати исломии Туркистони шарқӣ” (уйғурҳои Чин), “ал-Қоъида”, ҳизби “Ансоруллоҳи Тоҷикистон”, Ҳизби таҳрики исломии Узбакистон ва дигар ҳизбу гурӯҳҳо дар ҷануби Осиё ва Покистон дар ноамниҳои Афғонистон нақши умда доранд”, — гуфт Родманиш.

Нерӯҳои амниятии Афғонистон гурӯҳҳои дигаре чун Ҳизбу-т-таҳрир, “Ҷайши Муҳаммад”, Шурои иттиҳоди муҷоҳидин, гурӯҳи Мавлавӣ Назир, Таҳрики Толибони покистонӣ, “Амр ба маъруф” ва гурӯҳи Муъминро низ созмонҳое медонанд, ки дар Покистон таҷҳиз шудаву ба Афғонистон фиристода мешаванд.

Яке аз фармондеҳони аслии "Толибон" дар Афғонистон кушта шуд

Расиҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ дар гуфтугӯе бо як расонаи ғарбӣ далели ноамниҳои кишварро фаъолияти густардаи гурӯҳҳои теруристии байналмилалӣ дониста буд. “Бисту як гурӯҳи теруристии байналмилалӣ дар Афғонистон фаъолият доранд. Мо дар муҳосира ҳастем. Аммо муборизаро идома медиҳем то замоне, ки мушкили амният ҳал шавад”, — гуфта буд вай.

Бино бар додаҳои оморӣ, дар соли 2017 дар Афғонистон дар беш аз 2 ҳазор амалиёти теруристӣ камубеш 25 ҳазор кас куштаву захмӣ шудаанд.

Родманиш таъкид мекунад, ки аксари гурӯҳҳои теруристӣ дар Покистон тамвил ва таҷҳиз шудаву сипас ба Афғонистон фиристода мешаванд.

“Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ гурӯҳҳои ифротгаро ташкил мешаванд. ки дар ҳамон кишварҳо мубориза мкунанд. Аммо онҳо барои мо таҳдид нестанд. Тамоми мадорису омӯзишгоҳҳои теруристҳо дар Покистон буда ва бо шуроҳои мавҷуд дар ин кишвар чун Шурои Мироншоҳ, Пешовар, Гурдиҷангал ва Шурои Кветта иртибот доранд”, — тавзеҳ дод вай.

“Ин гурӯҳҳо дар канори ҳизбҳое чун дар дохили Афғонистон ва афроду гурӯҳҳои ифротгарои дигар, ки манофеъашонро дар ҷанг мебинанд, ба ташкили гурӯҳҳо пардохта бо давлати афғонистон меҷанганд ва таҳдид эҷод мекунанд”, — гуфт Родманиш.

Муовини сухангӯи Вазорати дифоъи Афғонистон таъкид кард, ки агар теруристҳо аз дигар кишварҳо ҳам бошанд, ба Покистон меоянд ва аз онҷо таҷҳиз шудаву Афғонистон мераванд.

Вазорати дифоъи Афғонистон: “Толибон” рӯ ба шикаст оварда аст

Омори дақиқе аз шумори ҷангҷӯёни гурӯҳҳои теруристӣ дар Афғонистон дар даст нест, аммо Родманиш мегӯяд, ки он онҳо беш аз 30 ҳазор касанд.

“Теъдоди ҷангҷӯён бештар аз 30 ҳазор кас аст. Аммо афроде дар даруни Афғонистон ҳам ҳастанд, ки манофеъашон фарқ дорад. Ҳатто дуздоне ҳастанд, ки зери номи Толибон кӯшиш мекунанд таҳдидотеро ба вуҷуд биёваранд ва аз вазъият ба суди худ истифода кунанд”, — афзуд вай.

Кобул аз дер боз Покистонро муқассири аслии ҷанг дар Афғонистон ва тамвилу таҷҳизи теруристҳо медонад. Ахиран дар паи интиқодҳои тунди мақомоти Афғонистон аз Покистон равобит миёни ду кишвар ба сардтарин ҳолат расидааст.

Раисҷумҳури Афғонистон Покистонро масъули кушта шудани 228 ва захмӣ шудани 360 шаҳрванди Афғонистон дар моҳи январи соли 2018 донисту гуфт, ки Покистон маркази аслии истиқрори Толибон аст.