Раҳмон аз сифати таълиму тарбия дар мактабҳои Душанбе қаноатманд нест

Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи мактаби нав дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ гуфт, ки сифати таълиму тарбия дар мактабҳои пойтахт қаноаткунанда нест
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 фев— Sputnik. Дар ин бора хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад.

"Ман қариб дар ҳамаи мулоқоту суханрониҳои худ хотиррасон ва таъкид месозам, ки бо вуҷуди ғамхориву дастгириҳои доимии давлату Ҳукумат сифати таълиму тарбия, хусусан, дар мактабҳои пойтахт ҳанӯз ҳам моро қаноатманд карда наметавонад", — гуфт раисҷумҳур.

Ба гуфти раисҷумҳур шароити таълим дар мактабҳои шаҳри Душанбе нисбат ба дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат бамаротиб беҳтар аст ва камбудиҳои ҷойдошта бояд бо саъю кӯшиши роҳбарияти шаҳрдорӣ дар ояндаи наздиктарин бартараф карда шаванд.

Эмомалӣ Раҳмон ба афсарони Гвардияи миллӣ хона дод

Эмомалӣ Раҳмон бо даъват аз роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва омӯзгорон гуфт, ки дар ҳамбастагӣ бо падару модарон барои беҳтар намудани сифати таълиму тарбия ва ба талаботи замони муосир мутобиқ кардани раванди донишомӯзӣ чораҳои иловагӣ андешида, кори таълиму тарбияро тарзе ба роҳ монанд, ки шогирдон намунаи ибрат бошанд.

Дар ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт бинои нави иловагӣ барои 1280 ҷой дар ду баст дар ҳудуди мактаби рақами 26 ба баҳрабардорӣ расид.

Бинои мактаби рақами 26 ҳанӯз соли 1936 вақти бунёди Неругоҳи барқи обиии "Варзоб" сохта шуда, ба талаботи рӯз ҷавобгӯ нест, зеро дар ин бино, ки барои 340 нафар пешбинӣ шудааст, дар се баст 900 нафар хонанда ба таълим фаро гирифта мешуданд.

Мактаби нав сеошёна буда, дорои 24 синфхона, аз ҷумла, синфхонаҳои компютерӣ, озмоишӣ, таълими меҳнат, мусиқӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ, омодагии ҳарбӣ буда, аз 15 синфхонаҳои дигари таълимӣ иборат аст.

Барои ба талаботи замони имрӯза мутобиқ кардани мактаб дар ин ҷо толори муосири варзишӣ, ошхона бо 130 ҷой, толори барҳавои маҷлис бо 250 ҷойи нишаст ва дигар иншооти зарурӣ бо сифати хуб сохта шудаанд.