Ба хубӣ: Тоҷикистон аз Қирғизистон хост, ки дар марзи баҳсбарангез иншооте насозад

Ҷониби Тоҷикистон шумораи марзбононро зиёд накардааст ва ба хотири таъмини амният дар сарҳад мушкилии бамиёномадаро бо роҳи гуфтушунид ҳал кард, қайд карданд дар дафтари матбуотии Қӯшунҳои сардҳадии КДАМ
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон вазъ дар  марзи Тоҷикистону Қирғизистонро тавзеҳ доданд. Дар ин бора хабаргузории ТоҷикТА дар истинод ба дафтари матбуотии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ хабар медиҳад.

"Дафтари матбуотии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти милли Ҷумҳурии Тоҷикистон расман изҳор медорад, ки тамоми гуфторҳои аз забони сокинони маҳаллӣ ва марозбонон нашршуда аз ҳодисаи 8 феврали 2018 дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон  аз ҳақиқат дур аст",- оимадааст дар изҳори дафтари матбуотӣ.

Бино бар иттилои хадамоти марзии Тоҷикистон, субҳи  8 феврал, соати  09:30 гӯрӯҳи сохмончиён  конейнереро ба сифати пул истифода карданд.

"Корҳои сохтмонӣ ва амнияти бинокоронро  60-70 нафар марзбонони мусаллаҳи "Исфана —и вилояти Ботканд бонӣ мекарданд, ки акс ва наворҳои мунташиркадаи худи сокинони Қирғизистон далели гуфтаҳои болост",- омадааст дар изҳороти дафитари матбуотии Қӯшунҳои сарзҳадии КДАМ Тоҷикистон.

Пас аз баҳс: Тоҷикистону Қирғизистон дар марз пул месозанд

Гуфта мешавад, ки ҷониби Тоҷикистон ҳамчунин  он рӯз шумораи марзбонони мусаллаҳро зиёд накрада буд ва бо роҳҳои гуфтушунид кӯшиш кард, ки масъалаи ба миёномадаро ҳал кунад.

"Роҳбарияти Қӯшунҳои мусаллаҳи КДАМ ҶТ бо мақсади ҳалли мусолиматомезонаи ин мушкилӣ ва барои пешгирӣ аз ноором шудани вазъ дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон аз ҷониби Қирғизистон дархост мекунад, ки аз сохтмони ҳама гуна сохтусоз дар минтақаи баҳсбарангез худдорӣ кунанд",- омадааст дар изҳорот.

Ёдрас мешавем, 8 феврал ҷониби Тоҷикистон яктарафа ва муваққатан гузаргоҳи "Кулунду" ва "Қайрагач"-ро дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон баст.

Пас аз гуфтушунидҳо гузаргоҳ дубора боз шуд.

Ёдрас мешавем, дар ҳошияи сафари расмии раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ба Тоҷикистон қарор қабул карда шуд, ки комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба масоили делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ дубора фаъол карда шавад.

Чанд сол пеш ин комиссия кори худро қатъ карда буд.