Дучархасаворони Тоҷикистон нахустин бор дар Ҷоми Осиё ширкат карданд

Тими миллии дучархасаворони Тоҷикистон барои нахустин бор дар мусобиқаи Ҷоми Осиё ширкат карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 14 фев — Sputnik. Бино бар иттилои Федеросюни дучархасаворони Тоҷикистон, ин мусобиқа рӯзҳои 8 — 12 феврал дар Миёнмор баргузор шуд.

Ба гуфтаи Андрей Миронов, мауовини раиси ФДТ дар Ҷоми Осиё Далер Савостянов аз вилояти Суғд ва Муҳаммадҷон Азизов Тоҷикистонро намояндагӣ карданд.

Азизов дар фосилаи 106 километр бо натиҷаи 2.35.01 палаи 35 дарёфт кард.

Варзишкори ҷопонӣ бо натиҷаи 2.32.38 дар ин фосила пирӯз шуд.

Ёдрас мешавем, дар шаҳри Екатеринбург аз ҷониби ширкати таблиғотии RCC Boxing Promotions шоми бокс баргузор гардид.

Ҳаводиси аслии мусобиқа ду рақобат бо ширкати варзишкорони тоҷикистонӣ буд.

Дар мубориза барои гирифтани унвони қаҳрамони ҷаҳон дар вазни сабук (59 кг) аз рӯи IBO, дорандаи камарбанди қаҳрамонӣ Шавкат Раҳимов, дар давраи 8-уми мусобиқа варзишгари Африқои Ҷанубӣ Малколм Классеро ба таври нокаут шикаст дод. Раҳимов унвони ҷаҳонии бокси IBO-ро бо муваффақият дифоъ намуд.