ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Ин намоишгоҳ дар қароргоҳи Созмони ҷаҳонии моликияти маънавӣ баргузор мешавад. Онро Намояндагии доимии ҶТ дар СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи ҳунарҳои тасвирӣ ва тарроҳии Тоҷикистон чорчӯби барномаҳои “Соли рушди гардишгарӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар Тоҷикистон роҳандозӣ карданд.
Ба иттилоъи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, дар маросими ифтитоҳи ин намоишгоҳ мудири кулли СҶММ Фрэнсис Гарри, дипломатҳои хориҷӣ ва раҳбарони созмонҳои байналмилалӣ ширкат кардаанд.
Гуфта мешавад, ки дар ин намоишгоҳ осори нигоргарони забардасти Тоҷикистон Акмал Миршакар, Анвар Сайфиддинов, Фаррух Хоҷаев, Мизроб Холов, Юсуфҷон Сангов, Беҳрӯз Забиров, Пайрав Гулов, Эраҷ Олимов, Каримҷон Наҷмиддинов, Мамадкарим Рақибов ва ҳамчунин кандакориҳои Абутолиб Ҳайдаров ба намоиш гузошта шудаанд.