Се милиса барои шантажи ҳамҷинсгароён дастгир шудаанд

Ин се милиса бо роҳи шантаж аз марди ҳамҷинсбоз 5000 сомонӣ талаб кардаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Тавре расонаҳои Тоҷикистон дар истинод ба манбаи худ аз Ожонси мубориза бо фасод хабар медиҳанд, дар кишвар се корманди ВУД ба иттиҳоми шантажи як марди ҳамҷинсгаро дастгир шудаанд.

Ин се милиса аз ҳамҷинсбозон бо таҳдиди кушодани парвандаи ҷиноӣ пул талаб мекарданд. Милисаҳоро ҳафтаи гузашта кормандони Ожонси мубориза бо фасод дастгир карданд.

"Онҳо аввал 2 ҳазор сомонӣ талаб карданд ва байни худ он пулҳоро тақсим карданд. Боз 3 ҳазор сомонии дигар талаб карда,  ҳангоми ситонидани ин миқдор пул дастгир шуданд",- қайд кардааст манбаъ.

Amnesty International: милитсияи тоҷик ҳамҷинсгаронро тавтеъа мекунад

Нисбати се милисаи ришваситон мувофиқи моддаҳои тамаъҷӯӣ ва шантажи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Моҳҳои октябри соли гузашта хабар дода шуд, ки дар Тоҷикистон феҳристи ҳамҷинсгароёнро таҳия карданд.

ВУД ва Додситонии кулли Тоҷикистон дар пайи амалиётҳои "Ахлоқ" ва "Поксозӣ" ҳудуди 370 тан ҳамҷинсгароро бо таваҷҷӯҳ ба шомили "радаи осебпазир" буданашон вориди феҳристи сареъ кард.

Соли 2016 чанд гурӯҳи корӣ барои кашфи афроди бо гаройиши ҷинсии ғайримаъмулӣ-ҳамҷинсгароён, дуҷинсгаро ва транссексуалҳо эҷод шуда буданд.
Ин гурӯҳҳо 367 тан шаҳрванди кишварро, ки шомили радаи осебпазир шудаанд, кашф карданд. 319 тан аз онҳо мардҳои ҳамҷинсгаро ва 48 тан занҳои ҳамҷинсгаро мебошанд.