Авто-Бону: занҳои ронандаи Тоҷикистон дар рӯзи идашон рақобат мекунанд

Озмун 3-юми марти соли 2018 соати 10:00 дар автодроми автоматиконидашудаи ба номи А.Турсунов, воқеъ дар километри 7- уми кӯчаи С.Айнии шаҳри Душанбе доир карда мешавад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 13 фев — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар Душанбе бори чорум Озмуни бонувони ронанда "Авто-Бону-2018"  баргузор карда мешавад.

Бино бар иттилои манбаъ, ин озмунро Раёсати Бозрасии давлатии автомабилии ВУД ҶТ бахшида ба Рӯзи модарон баргузор мекунад.

Озмун 3-юми марти соли 2018 соати 10:00 дар автодроми автоматиконидашудаи ба номи Турсунов, воқеъ дар километри 7- уми кӯчаи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе баргузор карда мешавад.

Заррина Муҳаммадова-ғолиби озмуни "Авто-Бону"-2017

Созмондиҳандагони сабқат гуфтаанд, ҳадаф аз баргузор намудани ин Озмун — баланд бардоштани маҳорати касбии занону духтарони ронанда ва тарғиби қоидаҳои ҳаракат ва бехатарӣ дар роҳ мебошад.

Дар ин санҷиши маҳорат занону духтароне, ки шаҳодатнома ва собиқаи на кам аз яксолаи ронандагӣ доранд, иштирок карда метавонанд.
Озмун аз рӯи даврҳои зерин гузаронида мешавад:
Даври I. "Варақаи боздид" — "Ман ва автомобилам" (ороиши автомобил);
Даври II. Мусобиқаи "Донандагони ҚҲР" (Қоидҳои ҳаракати роҳ)
 Даври III. Рондани автомобил дар Автодром;
 Даври IV. "Ёрии аввалияи тиббӣ";
Давраи V. "Намоиши плакати тарғиботӣ".
Ғолибон ва иштирокчиёни Озмун бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ карда мешаванд.
Бонувоне, ки мехоҳанд дар ин озсмун иштирок намоянд, метавонанд, ба суроғаи Раёсати БДА, кӯчаи Ҷ.Расулов-69 ва ё бо телефонҳои зерин муроҷиат намоянд: 93-508-70-72, 235-79-85, 238-46-04.