Дар Узбакистон писаре дар паи муноқиша падарашро кушт

Дар Узбакистон дар паи муноқишаи хонаводагии падару писар, ҷавон падари худро бо корд захмӣ карду мард рӯзи дигар дар беморхона ба ҳалокат расид
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Дар Узбакистон ҷавони 19 сола падари худро бо зарби корд кушт, хабар медиҳад дафтари матбуоти ВКД ин кишвар.

Гуфта мешавад, ки фоҷиа дар ноҳияи Қасансойи вилояти Қашқадарё рӯх додааст.

Замони муноқиша байни падару писар, ҷавон ба ҷониби чапи падараш зарбае бо корд задааст.

Дар натиҷаи ин ҳодиса ҷабрдида рӯзи дигар дар бемористон ҷон бохт.

Аз рӯи ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз шудаву, гумонбар боздошт шудааст.

Пештар дар шаҳри Тошканд зани 28-солаи бемории рӯҳидошта, ҷавони донишҷӯеро бо корд кӯшта буд. Ин ҳодиса рӯзи 4 феврал дар ноҳияи Ӯчеппаи Тошканд рӯх дод.

"Соати сеи субҳ шаҳрванди бемории рӯҳидошта О. Бороненко, соли таваллудаш 1989, дар натиҷаи муноқиша дар наздикии хонаи худ донишҷӯи курси якуми Донишкадаи нассоҷӣ ва саноати сабуки Тошканд М.Мамадҷоновро, ки сокини шаҳри Қӯқанд буд, бо корд дар қафаси синааш задаст", — омадааст дар сомонаи ВКД.