Наздиктар: ифтитоҳи гузаргоҳи дигаре дар марзи Тоҷикистону Узбакистон

Гузаргоҳи "Андархон-Патар" дар марзи Тоҷикистону Узбакистон боз шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 12 фев— Sputnik. Дар ҳудуди ноҳияи Конибодоми Тоҷикистон ва вилояти Фарғонаи Узбакистон гузаргоҳи "Андархлон-Патар" боз шуд. Дар ин бора хабаргузории ТоҷикТА. менависад.

Қайд мешавад, ки гузаргоҳи "Андархон-Патар", ки чанде боз баста буд, рӯзи 10 феврал барои рафтуомади мардум боз шудааст.

Ҳамчунин илова мешавад, ки сокинони навоҳии наздимарзӣ ҳуқуқ доранд дар давоми панҷ рӯз дар минтақаи Узбакистон бидуни даъватнома сафар кунанд.

Омодагии Душанбе барои пешвози Шавкат Мирзиёев

Ин иқдом яке аз қадамҳои амалии созишномаи байни Тоҷикистону Узбакистон мебошад.

Дар ҳоли ҳозир баррасии масоили боркашонӣ ва барқароркунии роҳҳо ва ҳамчунин бекор кардани раводид идома дорад.

Интизори меравад, ки моҳи март раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон биёяд.

Мувофиқи созишномаи байниҳукуматие, ки соли 2002-юм имзо шудааст, дар марзи Тоҷикистону Узбаистон 16 гузаргоҳ мавҷуд аст.

Аз ин ҳисоб нӯҳ гузаргоҳ байналмилалӣ буда, ҳафт гузаргоҳ дуҷониба мебошанд.

Пештар хабар дода шуд, ки дар остонаи ҷашни Наврӯз гузаргоҳи байнулмилалии "Панҷиканд — Самарқанд", ки ҳашт сол пеш баста шуда буд, дубора боз мешавад.

Ёдоварӣ мекунем, ки Узбакистон Тоҷикистонро огоҳ карда буд, ки аз 1 ноябри соли 2010 фаъолияти гузаргоҳи байнулмилалии Саразм дар водии Зарафшони Тоҷикистон ва мавзеъи Ҷартеппаи вилояти Самарқанд боз дошта мешавад.

Дар ёддоште, ки ба унвони Тоҷикистон фиристода буданд, зикр гардида буд, ки дар ин қитъаи марз ҳам рафту омади шаҳрвандон ва ҳам боркашонӣ қатъ мегардад. Он замон ҷониби Узбакистон сабаби ин амалро шарҳ надода буд.

Имрӯз дар марзи Тоҷикистону Узбакистон шабонарӯзӣ ду гузарогоҳи байнулмилалӣ — шаҳри Турсунзода — Сариосиё ва ноҳияи Масчо — Ойбек амал мекунанд.