Коршинос: мардуми Узбакистон бояд чеҳраашонро кушоянду табассум кунанд

Раиси бошгоҳи матбуоти байналмилалӣ Шерзод Қудратхоҷаев аз мардуми Узбакистон даъват карда, ки таҷрибаи мусбии кишварҳои пешқадами сайёҳиро қабул кунад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Дар нишасти хабарии бахшида ба сайёҳӣ дар Узбакистон,раиси бошгоҳи матбуоти байналмилалӣ Шерзод Қудратхоҷаев даъват намуд, ки таҷрибаи мусбии кишварҳои пешқадами сайёҳӣ дар ин кишвар ҳам қабул шавад.

"Мо бояд ҳамаро хандон кунем. Ҳамагон бояд табассум кунанд. Мо бошем, як одате дорем, ки танҳо мушкилиҳоямонро дар мазҳари ом мегузорем. Ба мағоза дароед, фурӯшанда ҳатто аз ҷояш намехезад", — гуфт Шерзод Қудратхоҷаев дар суҳбат бо Sputnik Узбакистон.

Кудратходжаев: пора уходить от общения с туристами, как в советском ЦУМе

 

Ӯ пешниҳод кард, ки аз Туркия бояд ибрат гирифт, дар он ҷо принсипҳои собитшудаи хидматрасонии мизоҷон вуҷуд доранд.

Суҳбати пурраи Қудратхоҷаевро дар шакли овозӣ гӯш кунед.