Сафири Узбакистон Тоҷикистонро тарк мекунад

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон барои фаъолияти касбии тӯлонӣ ва саҳми назаррас дар таҳкими муносибатҳо миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ба Шоқосим Шоисломов миннатдорӣ баён намуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки вазири ниҳод сафри Узбакистон дар Тоҷикистон Шоқосим Шоисломро бинобар ба итмом расидани маъмурияташ ба ҳузур пазируфт.

Бино бар иттилои манбаъ,9 феврали соли 2018 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Узбакистон дар Тоҷикистонро Шоқосим Шоисломовро бинобар ба итмом расидани маъмурияташ ба ҳузур пазируфт.

"Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбакистон ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро  баррасӣ намуданд", гуфта мешавад дар иттилои манбаъ.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон барои фаъолияти касбии тӯлонӣ ва саҳми назаррас дар таҳкими муносибатҳо миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ба Шоқосим Шоисломов  миннатдорӣ баён намуд.

Ёдрас мешавем, аввалҳои моҳи феврал Вазири умури хориҷаи Узбакистон ба Тоҷикистон омад. Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев пеш аз сафари вазир эълон кард, ҷониби Узбакистон иқдом дорад муносибатҳоро бо Тоҷикистон хубтару беҳтар кунад. "Касе ҳамсояи бадро пас аз маргаш намебахшад",- гуфта буд, Мирзиёев.