Эмомалӣ Раҳмон ва Рустам Эмомалӣ аз сохтмони Масҷиди марказии Душанбе боздид карданд

Ба гуфтаи раисҷумҳури Тоҷикистон иншоот, ки бо тарҳи худ дар Осиёи Марказӣ нодир мебошад, бояд садсолаҳо ба насли оянда хизмат расонад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Тавре дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон гузориш медиҳад, имрӯд кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якҷо бо шаҳрдори Душанбе Рустам Эмомалӣ рафти корҳои сохтмонӣ дар Масҷиди марказии ҷомеъи шаҳри Душанбе шинос шуданд.

Ба иттилои дафтари матбуотӣ, масҷид аз 4 манораи баландиаш 75 метра ва 24 гумбази хурду калон иборат хоҳад буд.

Ин масҷиди бузург дар майдони 12 гектар замин ҷойгир шуда, аз биною мавзеъҳои намозхонӣ, китобхона, осорхона, толорҳои маҷлисӣ ва қабули меҳмонон барои мулоқоту гуфтушунидҳо иборат хоҳад буд. Масоҳати зери бинои масҷид бошад, 3 гектарро ташкил медиҳад.

Гуфта мешавад, айни ҳол дар ин иншооти бузург беш аз 350 нафар коргарон фаъолият доранд.

"Зимни шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ сарвари давлат таваҷҷуҳи бинокоронро бештар ба иҷрои босифати корҳои сабзу хуррамгардонӣ ва вусъати корҳои ободонию кабудизоркунии атроф ва ҳудуди Масҷиди марказии ҷомеъи шаҳри Душанбе ҷалб намуданд. Дар ин ҷо бо супориши  Эмомалӣ Раҳмон беш аз 1000 адад дарахтони зебои гулкунандаи ороишию нодир, инчунин гулу буттаҳои хушбуй шинонида мешавад",- омадааст дар гузориши манбаъ.

Абдулқодирзода: шумораи масҷид дар Тоҷикистон дар даврони истиқлол ба 4 ҳазор расид

Атрофи масҷид бо манораҳои боҳашамат, сутунҳои зебои мунаққашу мусаввар ва бисёр унсурҳои дигари фарҳангӣ оро дода мешавад.

Бо маслиҳатҳои мушаххас ва завқи баланди зебоипарастии раисҷумҳур дар лоиҳаи сохтмони ин иншооти бузург аксаран тарзу усулҳои меъмории бостонии тоҷикӣ, нақшу нигори деворҳо, гумбазҳо, сутунҳо ва тамоми ороишоти дохилу атрофи масҷид ба эътибор гирифта шудааст.

Строительство новой центральная мечети в Душанбе, архивное фото

Ба андешаи кишвардор иншоот, ки бо тарҳи худ дар Осиёи Марказӣ нодир мебошад, бояд садсолаҳо ба насли оянда хизмат расонад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоии пурра бо рафти корҳо бори дигар ба мутахассисон барои вусъати корҳои сохтмону ороишии босифати бино ва ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ кардани он дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

Ин на танҳо як масҷид, балки як маркази бузурги фарҳангу таърихи исломӣ хоҳад буд ва толорҳои он тавре бунёд меёбанд, ки дар онҳо тамоми намуди чорабиниҳои илмию фарҳангӣ, семинару конфронс ва ҳамоишҳои сатҳу зинаҳои гуногун гузаронда мешаванд.