Бо Тоҷикистон: Мирзиёев роҳи оҳанеро, ки худ канда буд, барқарор мекунад

Узбакистон бозсозии шохаи роҳи оҳани Ғалаба - Амузангро оғоз кард, ки он кишварро бо ҷануби Тоҷикистон пайванд мекунад. Роҳи оҳани Узбакистон дар соли 2012 бархе аз ин роҳро то марзи Тоҷикистон бар канда буд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 9 фев — Sputnik. Узбакистон роҳи оҳанеро, ки дар соли 2012 худ бар канда буд, бозсозӣ мекунад. Шохаи роҳи оҳани Ғалаба — Амузанг ҷануби Тоҷикистонро бо кишварҳои хориҷа пайваст мекард.

Интизор меравад, ки ин қитъаи роҳ то сафари раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон бозсозӣ карда шавад. Ҳамчунин, Ҳукумати Узбакистон гуфтааст, ба нақша гирифтааст, ки Тошканд ва Душанберо низ бо роҳи оҳан пайваст кунад.

Ёдоварӣ мекунем, ки ҷануби Тоҷикистон пас аз барчида шудани роҳи оҳани Ғалаба — Амузанг дар соли 2011 аз кишварҳои хориҷӣ канда шуд. Он замон дар ин қитъа пояҳои роҳи оҳан  фурӯ рехтанд, ки дар натиҷа ҳаракат дар ин минтақа куллан боз истод.

Роҳи оҳан ва газ: Эмомалӣ Раҳмон бо Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов мулоқот кард

Дар аввалҳои соли 2012 роҳи оҳани Узбакистон, қитъаи роҳи оҳанеро, ки то сарҳади Тоҷикистон тӯл мекашид, канда гирифтанд.

Дар посух ба мактуби Оқил Оқилов сарвазири Узбакистон Шавкат Мирзиёев гуфта буд, ки "мувақатан қатъ кардани транзити амвол дар шохаи роҳи оҳани Ғалаба-Амузанг бо ҳодисаҳои фоҷиабори ба шумо маълум, ки моҳи ноябри соли 2011 рух доданд, марбут мебошад".

Он вақт ҳамчунин Мирзиёев афзуд, ки роҳ қариб аз кор баромадааст, ки наметавон онро пурра истифода кард.

Тоҷикистон пас аз ин қазия барои пайватани роҳҳои оҳани вилояти Хатлон бо кишварҳои хориҷа ба сохтмони роҳи оҳани Душанбе — Қӯрғонтеппа — Кӯлоб сар кард, ки он моҳи августи соли 2016 ба истифода дода шуд.