Бемори дармонёфта: кӯдаконам маро водор ба идомаи табобат карданд

Табобати ман 9 моҳро дар бар гирифт. Бо амри тақдир баробари нисф кардани табобат, идома додани он бароям осон гардид, нақл кард бемори дармонёфта
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Дирӯз дар меҳмонхонаи "Серена"-и Душанбе дар масъалаи муаррифии роҳҳои табобати шакли мутобиқгаштаи бемории сил, ҷамъомад баргузор гардидааст. Дар ин бора равобити умумии Вазорати тандурустӣхабар медиҳад.

Чорабинии мазкур бо иштироки намояндагони Вазорати тандурустӣ, намояндагони масъули дафтари ЮСАИД дар Тоҷикистон, масъулони Филиали ташкилоти KNCV, намояндагони расонаҳо ширкат карданд.

Тоҷикистону Узбакистон дар пайкор бо бемории сил ҳамдаст мешаванд

Дар рафти чорабинӣ ҳамзамон беморони шакли мутобиқгаштаи сил, ки бо истифода аз дорувории нави зиддисилӣ табобат ёфтаанд иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар кори ҷамъомад нақли нафарони табобатёфта аз бемории шакли мутобиқгаштаи сил, диққати ҳозиринро ҷалб намуд.

Беморони дармонёфта, аз шакли мутобиқгаштаи сил, ки маълумот оид ба шахсияти эшон паси парда хоҳад монд, бештар дар самти нақши дорувории нави зиддисилӣ дар табобати кутоҳмуддати шакли мутобиқгаштаи бемории сил қисса кардаанд.

Яке аз нафарони табобатёфта аз шакли мутобиқгаштаи сил бо истифода аз дорувории нави зиддисилӣ, зимни байёни саргузашти худ дар лаҳзаҳои табобат чунин нақл кард.

"Баробари шунидани гирифториам ба бемории шакли мутобиқгаштаи сил, гуё зиндагӣ бароям ба итмом расид, вале бо дастгирии аҳли хонавода, ҳидояту роҳнамоии табибони силшинос, ба табобати курси кутоҳмуддати шакли мутобиқгаштаи сил тариқи дорувории нави зиддисилӣ шурӯъ намудам. Истеъмоли дорувориҳо бароям хеле душвор буд, чандин маротиба қасди боз истодан аз табобатро намудам, вале дар навбати аввал ҳидояти табибон аз азми доштаам ҷилавгирӣ намуд ва дар навбати дигар дидани наздикону пайвандон ва кӯдаконам маро водор намуд, ки бояд табобатро ба итмом расонам. Табобати ман 9 моҳро дар бар гирифт. Бо амри тақдир баробари нисф кардани табобат, идома додани он бароям осон гардид. Дар назар чунин менамуд, ки гуё роҳи фарозеро тай намудаву акнун роҳи нишеб маро дар пеш аст. Ҳамин гуна баъд аз сипарӣ гаштани як муддат, табобати ман хотима ёфт ва ман бо амри тақдир шифо ёфтам. Сил табобатшаванда аст!!!"

Бемории сил дар Тоҷикистон яке аз мушкилоти аслӣ ва афзалиятноки фаъолияти соҳаи тандурустии кишвар мебошад.

Аз ҷониби ҳукумат якчанд барномаҳо оид ба пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории сил таҳия ва қабул гардидаанд.