Ҳал шуд: Тоҷикистон марз бо Қирғизистонро боз кард

Вуруди мардум, нақлиёт ва боркашонӣ дар гузаргоҳҳои "Кулунду" ва "Қайрағоч" иҷоза дода шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 фев— Sputnik. Марзбонони тоҷик пӯли назди сарҳадии Қирғизистонро тарк карданд. Дар ин бора равобити умумии Хадамоти марзбонии Қирғизистон хабар медиҳад.

"Дар паи гуфтушунидҳои миёни намояндагони марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон дар ҳудуди деҳаи Садаи ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканд, марзбонони тоҷик марзро боз карда ин минтақаро тарк карданд, — омадааст дар хабарнома.

Раҳмон ва Жээнбеков бар ҳалли мусолиматомези масоили марзӣ таъкид карданд

Қайд мешавад, ки гузаштани мардум, нақлиёт ва боркашонӣ дар гузаргоҳҳои "Кулунду" ва "Қайрағоч" иҷоза дода шуд.

Пештар хабар дода шуд, ки Тоҷикистон яктарафа ва муваққатан сарҳади давлатии кишварро бо Қирғизистон баста, вуруди шаҳрвандон, васитаҳои нақлиётро манъ кард.

Тоҷикистон ва Қирғизистон 970 км марз доранд, ки аз он 451 километраш то ҳол баҳснок мемонад. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуровӣ ду кишвар натавонистанд муайян кунанд, ки 70 минтақа ба кадоме аз ҷумҳуриҳо тааллуқ дорад.

Дар тӯли 25 сол ин ду кишвар ҳуҷҷатеро дар бораи сарҳад ба имзо нарасидаанд. Солҳои охир дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон якчанд задухӯрдҳои мусаллаҳ рух доданд, ки сабаби асосии он маълум набудани хати сарҳуд будааст. Масъалаи нишонагузории сарҳад яке аз мавзӯъҳои асосии мулоқоти раисҷумҳури ду кишвар, ҳангоми сафари Сооронбой Жээнбеков ба Тоҷикистон будааст.