Тоҷикистон марз бо Қирғизистонро баст

Ҷониби Тоҷикистон яктарафа ва муваққатан сарҳади давлатии кишварро бо Қирғизистон бастааст: вуруди шаҳрвандон, васитаҳои нақлиёт ва амвол ҳоло манъ аст
Sputnik

ДУШАНБЕ, 8 фев — Sputnik. Дафтари матбуотии Хадамоти сарҳади давлатии Қирғизистон хабар медиҳад, ки Тоҷикистон яктарафа чанде аз гузаргоҳҳоро бо ин кишвар бастааст. Бино бар иттилои манбаъ, аз ҷумла гузаргоҳҳои байналмиллалӣ низ муваққатан аз кор моданд. Далели ин иқдоми Тоҷикистон сохтмони пуле дар ҳудуди баҳсноки сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон будааст.

Тоҷикистон ва Қирғизистон  970 км марз доранд, ки аз он 451 километраш то ҳол баҳснок мемонад. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шуровӣ ду кишвар натавонистанд муайян кунанд, ки 70 минтақа ба кадоме аз ҷумҳуриҳо тааллуқ дорад.

Дар тӯли 25 сол ин ду кишвар ҳуҷҷатеро дар бораи сарҳад ба имзо нарасидаанд. Солҳои охир дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон якчанд задухӯрдҳои мусаллаҳ рух доданд, ки сабаби асосии он маълум набудани хати сарҳуд будааст. Масъалаи нишонагузории сарҳад яке аз мавзӯъҳои асосии мулоқоти раисҷумҳури ду кишвар, ҳангоми сафари Сооронбой Жээнбеков ба Тоҷикистон будааст.

"Ҳаштуми феврал ҷониби Тоҷикистон яктарафа ва муваққатан ворид шудани шаҳрвандон, воситаҳои нақлиёт ва амволро дар гузаргоҳҳои "Кулунду" ва "Қайрағоч"- мамнӯъ кард. Ин маҳудудиятҳо ба шаҳрвандони кишварҳои дигар дахл надорад, ки ба воситаи гузаргоҳи "Кулунду" мегузаранд",- омадааст дар хабар.

Сарҳадбонони тоҷик ҳамчунин пулеро дар мавзеи Сайи ноҳияи Лайлаки вилояти Боткент маҳкам карданд. Ин пулро ҳоло сарҳадбонони зиёде посбонӣ мекунанд.

Sputnik Тоҷикистон тавзеҳи расмии ин қазияро аз ҷониби ҳукумати кишвар дар даст надорад.

Ҳоло намояндагони Хадамотҳои сарҳадии ду кишвар  барои субот дар сарҳад мулоқоти фаврӣ анҷом медиҳанд.

Вазъият дар минтақаи сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистонро "нисбатан босубот" унвон кардаанд.