Сафири Тоҷикистонро ба наҳор бо Трамп даъват карданд

Дар Вашингтон 8 феврал сиёсатмадорон, тоҷирони ва раҳбарони динии 100 кишвар дар ҳаққи кишвари худ дуо мекунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Сафири Тоҷикистон дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Фарҳод Салим ба наҳор бо Тарм, ки дар Амрико бо номи Шоми дуои миллӣ  машуҳр аст, даъват шудааст. Дар ин бора Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар додааст.

Шоми дуо рӯзи 8 феврал дар Вашингтон Ҳолл баргузор мешавад. Ба он 3 ҳазор меҳмон аз 100 кишвари ҷаҳон даъват шудаанд.

Имсол, дар Амрико 66-умин Шоми дуо баргузор мешавад. Шоми дуо дар Амрико ҳамасола рӯзи панҷшанбеи аввали моҳи феврал ташкил карда мешвад. Ин чорабинӣ дар соли 2018  як ҳафта ба таъхир афтод.

Соли гузашта дар Шоми дуо вакили Маҷлиси Олии Тоҷикистон ширкат карда буд.

Шоми дуои миллӣ- маросими солонаест, ки дар Вашингтон бо ширкати раисҷумҳур панҷшанбеи авали моҳи феврал баргузор карда мешавад. Ҳукумати Амрико мегӯяд, мақсад аз баргузор кардани ин чорабинӣ рушди муносибатҳо байни намояндагони соҳаҳои гуногуни кишвар мебошад.