Осон шуд: акнун дар фурудгоҳҳои Узбакистон раводиди кӯтоҳмуддат медиҳанд

Дар Узбакистон барои ба даст овардани раводиди серӯзаи транзитӣ метавон танҳо билети ҳавопайморо пешниҳод кард ва соҳиби раводиди транзитӣ шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Дар фурудгоҳҳои Узбакистон, мувофиқи қарори раисҷумҳури кишвар Шавкат Мирзиёев аз якуми май раводидҳои транзитии серӯза медиҳанд.

Дар кишвар аз охирҳои соли 2017 сар карда, талаботҳо барои гардишгарон сода карда шудааст. Ҳамакнун барномаи гардишгарии диниеро тартиб медиҳад.

Аввалҳои моҳи декабр дар кишвар раводиди ягонаи гардишгарӣ ворид карда шуд, ки мӯҳлати он 30 рӯзро ташкил медод ва нархи он то 30 дар сад арзон карда шуд. Пештар раводиди гардишгарӣ барои 7 ё 15 рӯз дода мешуд.

"Аз 1 майи соли 2018 барои шаҳрвандони хориҷие, ки ба воситаи транзит ба Узбакистон ворид мешаванд, раводиди кӯтоҳмуддат, ки мӯҳлати он 72 соатро ташкил медиҳад, дода шавад",- омадааст дар фармони Мирзиёев.

Барои ба даст овардани раводиди транзитӣ танҳо бояд билети ҳавомаймо ва визаи кишвари севвумро (агар талаб кунанд) пешниҳод кард ва боҷи консулиро супорид.

Раисҷумҳури Узбакистон фармон дод, ки аз 1 май ба шаҳврандони хориҷие, ки раводиди муваққатӣ ба даст овардаанд, иҷоза дода шавад, ки аз ҳудуди фурудгоҳ ба хотири шинос шудан ба дастовардҳои кишвар, берун шаванд. Ба Ҳукумат супориш дода шудааст, ки рӯйхати кишварҳоеро, ки ба шаҳрвандони онҳо раводиди кӯтоҳмуддат дода мешавад, омода кунад.

Ёдрас мешавем, ҳафтаи гузашта Мирзиёев фармонеро ба имзо расонид, ки мувофиқи он аз 10 феврал Узбакистон бо 7 кишвари ҷаҳон низоми будудни раводид ҷорӣ мекунад. Ҳамчунин шаҳрвандони 37 кишвари дигар метавонанд раводиди гардишгариро ба таври содда ба даст оранд.

Мувофиқи маълумоти Вазорати умури хориҷаи Узбакистон, ҳоло тартиби содашудаи гирифтани  раводидҳои туристӣ барои шаҳрвандони 11 кишвари аврупоӣ дахл дорад.