ДУШАНБЕ, 6 фев- Sputnik. Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон изҳор доштааст, ки шумораи тоҷикони аз Русия ихроҷшуда дар соли 2017 коҳиш ёфтааст.
Сумангул Тағойзода, вазири кор ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар рафти нишасти мактбуотӣ ба рӯзноманигорон хабар дод, ки дар соли гузашта теъдоди муҳоҷирони ихроҷшуда 35 дарсад коҳиш ёфт.
"Дар соли 2017 наздики 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон, ки пештар аз Русия ихроҷ шуда буданд, тавонистанд дубора барои кор ба Русия раванд",- гуфт хонум Тағойзода.
Вазири кор афзуд, ҳоло боз 180 ҳазор нафари дигар аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум мебошанд.
Сумангул Тағойзода ёдрас шуд, ки 102 ҳазор муҳоҷири ихроҷшудаи тоҷик дар пайи эъломи амалиёти авф дар Русия аз "рӯйхати сиёҳ" бароварда шуданд.
Ба гуфтаи вазир, ҳоло наздики 487 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия ва Қазоқистон дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд.
Ёдрас мешавем, пас аз сафари раисҷумҳури Русия ба Тоҷикистон дар моҳи феврали соли гузашта, президент Владимир Путин ва раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ба тавофуқа расиданд, ки қисме аз муҳоҷирони ихроҷшудани тоҷик авф шаванд.
Моҳи майи соли 2017 хабар дода шуд, ки дар пайи амалиёти авф, дар умум 102 ҳазор муҳоҷири тоҷик аз рӯйхати сиёҳ баромаданд.