Навид: футболбозони тоҷик дар Ҷоми Осиё-2018 Кореяи Ҷанубиро бо натиҷаи 7:0 шикаст доданд

Тоҷикистонд дар натиҷаи се бозӣ 3 истиёз ба даст овард ва паллаи саввумро касб кард. Кореяи Ҷанубӣ бидуни ягон имтиёз дар мавқеи охирон қарор дорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 6 фев- Sputnik. Тавре Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, тими миллии футзали Тоҷикистон дар бозии охирони худ дар Ҷоми Осиё-2018, ки дар Тойпеи Чин баргузор мешавад, Кореяи Ҷанубиро бо натиҷаи 7:0 шикаст дод.

Бино бар иттилои манбаъ, дар рақобати севум Шавкат Ҳалимов, Баҳодур Хоҷаев, Дилшод Саломов, Раҳмоналӣ Шарипов, Рустам Ҳомидов, Иқбол Воситзода ва Умед Қӯзиев голҳои тими миллиро ба самар расониданд.

Дар бозии гурӯҳи дигар Ҷопон бо натиҷаи 4 бар 2 Узбакистонро мағлуб кард ва садри ҷадвал шуд. Узбакистон бо 6 имтиёз паллаи дувумро дарёфт кард.
Тоҷикистон бо 3 имтиёз паллаи савумро ва Кореяи Ҷанубӣ бидуни ягон имтиёз паллаи поёниро касб кард.

То ҳол Ҷопон, Узбакистон, Ветнам ва Баҳрайн ба даври баъдӣ роҳ ёфтанд.  Имрӯз, 6 феврал чаҳор тими дигар аз гурӯҳҳои худ суъӯд хоҳанд кард.