Ҳамлаи ҷавобии нерӯҳои Русия ба ҷангиён дар Идлиб. Навор

Нерӯҳои Русия ба гурӯҳи ҷангиён, ки ҳавопаймои ҳарбии ин кишварро заданд, ҳамла карданд
Sputnik

Низомиёни рус ба ҷангиёни гурӯҳи тундрави "Ҷабҳа ал-Нусра" ҳамла карданд.

Нерӯҳои Русия дар Идлиб ба ин гурӯҳ ҳуҷум карда, 20 тан аз ҷангиёни гурӯҳҳо куштанд.

Ёдоварӣ мекунем, ки ҷангиён дар Сурия ҳавопаймои ҷангии Русия Су-25-ро сарнагун карданд

Вазорати дифои Русия хабар дод, ки ҳавопаймои ҷангии СУ-25-и кишварро рӯзи 3-уми феврал дар Идлиби Сурия сарнагун кардаанд.

Ҷавобгарии ин ҷиноятро ҷангиёни гурӯҳи "Ҷабҳа ал-Нусра" (мамнӯъшуда дар Тоҷикистон) бар дӯш гирифтанд.