Дар Тоҷикистон базаҳкории кӯдакон рӯ ба афзоиш ниҳодааст

Дар соли 2017 кӯдакону навҷавонҳо дар Тоҷикистон беш аз 600 ҷурму қонуншиканӣ содир кардаанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 5 фев — Sputnik. Дар 11 моҳи соли 2017 кӯдакону навҷавонон дар Тоҷикистон беш аз 600 ҷурму қонуншиканӣ содир кардаанд, гузориш дод вазири маорифу илми Тоҷикистон Нуриддин Саид.

Додгоҳи Рашт ду корманди маорифро ҷарима кард

Вай дар нишасти хабарие, ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, гузориш дод, ки ин рақам 15 дарсад камтар аз шумори ҷурму қонуншиканиҳоест, ки дар 11 моҳи соли 2016 сабт шудаанд.

Вазири омӯзишу улум афзуд, ки кӯдакону навҷавонҳо дар ноҳияҳои тобеъи марказ порсол 181 ҷурму қонуншиканӣ содир кардаанд, ки 43,7 дарсад бештар аз соли 2016 аст.

“Дар кулл, базаҳкории навҷавонон дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе рӯ ба коҳиш оварда, вале дар ноҳияҳои таобеъи ҷумҳурӣ рӯ ба афзоиш ниҳодааст”, — гуфт Саид.

Вазири маорифу илми Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, ки дар чорчӯби иҷрои Қонуни масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон 15 624 маврид қонуншиканӣ сабт шуда, ки аз он 10 035 маврид ҷарима баста шуда ва 1,3 милюн сомонӣ ҷарима ситонда шудааст.