Навори сарнагун кардани ҳавопаймои ҷангии Русия дар Сурия

Ҷангиён дар Сурия ҳавопаймои ҷангии Русия Су-25-ро сарнагун карданд
Sputnik

Вазорати дифои Русия хабар дод, ки ҳавопаймои ҷангии СУ-25-и кишварро рӯзи 3-уми феврал дар Идлиби Сурия сарнагун кардаанд.

Ҷавобгарии ин ҷиноятро ҷангиёни гурӯҳи "Ҷабҳа ал-Нусра" (мамнӯъшуда дар Тоҷикистон) бар дӯш гирифтанд.

Нерӯҳои Русия ба ин гурӯҳ ҳуҷум карда 20 тан аз ҷангиёни гурӯҳҳо куштанд.