Барфи Маскав ҷони як мардро гирифту 360 дарахтро решакан кард

Дар паи бориши зиёди барф як сокини Маскав ҷон бохту ду каси дигар захмӣ шуданд. Шаҳрдор аз мардум даъват карда, ки дар роҳҳо эҳтиёт кунанд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Дар паи шикасти дарахтон ва канда шудани ноқили барқ як сокини шаҳри Маскав ҳалок шуд. Дар ин бора шаҳрдор Сергей Собянин хабар додааст.

"Мутаассифона ҳолати фавқуллодаи дирӯз бе фоҷиа нагузашт. Як кас дар паи шикасти дарахт ва канда шудани ноқили барқ ҷон бохту боз ду нафари дигар захмӣ шуд. Бино ба маълуоти охирин 360 дарахт решакан шудааст. Аз афташ имрӯз ҳодиса боз вазнинтар мешавад. Барфрезии зиёд ва тундбод пешбинӣ шудааст. Аз дарахтон ва ноқилҳои барқӣ худро дуртар гиред", — навиштааст Собянин дар саҳифаи "ВКонтакте" худ.

Лағви даҳҳо парвоз дар фурудгоҳҳои Маскав

Равобити умумии вилояти Маскав аз ҳоисаи фавқуллода дар ин минтақа хабар додааст. 

Коргарони хадамоти роҳтозакунӣ бе танаффус дар паи поккунии роҳҳои мошингарданд. Қувваи барқе, ки дишаб дар паи тундбод канда шуду 5,2 ҳазор касро бе барқ монд, пайваст карда шудааст. Вале барф ҳамоно имрӯз ҳам бо шиддат меборад.

Барои мубориза бо оқибатҳои барфрезӣ 350 адад техника сафарбар шудааст. Дар роҳҳои минтақавӣ 950 адад техика кор мекунад.

Дар ин бора вазири нақлиёти вилояти Маскав Игор Тресков гузориш додааст.