Лағви даҳҳо парвоз дар фурудгоҳҳои Маскав

Дар пойтахти Маскав даҳҳо парвоз лағв шуду 70 парвоз ба таъхир уфтод
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Дар фурудгоҳҳои Маскав беш аз 70 парвоз ба таъхир уфтоду 16 парвоз лағв шуд. Дар ин бора "Яндекс" хабар медиҳад.

Дар фурудгоҳи Внуково 6 парвоз, дар Домодедово 8 парвоз ба таъхир уфтоду 16 парвоз лағв шуд, дар Шереметево 56 парвоз ба таъхир уфтодааст.

Лағви чандин парвозҳо аз фурудгоҳи Тошканд

Барфи рӯзи шанбе бо ҳавои нарм рӯзи якшанбе ба ҳавои сард ва тундбод иваз мешавад. 

Рӯзи шанбе дар фурудгоҳҳои пойтахти Русия беш аз 100 парвоз лағв шуду 11 парвоз ба таъхир уфтод.

Коршиносон қайд мекунанд, ки чунин барфрезӣ дар 100 сол як бор мешавад.

Шабонарӯзи охир дар Маскав 15 миллиметр барф борид, ки 42 дарсади меъёри якмоҳаро ташкил медиҳад. Дар давоми ду рӯз, меъёри якмоҳаи барф дар Маскав хоҳад борид.