1700 шаҳрванди Тоҷикистон ба Русия мекӯчанд

Беш аз даҳ дарсади аризадиҳандагон иштирокчии барномаи ихтиёрии кӯчидан ба Русия шуданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 4 фев — Sputnik. Наздики 1700 шаҳрвади Тоҷикистон иштирокчии барномаи кӯчидан ба Русия шуданд. Дар ин бора раҳбари намояндагии ВКД Русия дар Тоҷикистон Владислав Маркевич хабар додааст.

Ба гуфти ӯ дар умум дар соли 2017 барои ба Русия кӯч бастан 16 ҳазору 892  ариза додаанд.

"Аз ин шумора аризаи 2301 кас қабул шуд, ки ҳамроҳ бо аҳли хонаводаашон 9349 касро ташкил медиҳад. Дар қиёс бо соли 2016, ки ҳамагӣ 1900 ариза қабул шуда буд, ин нишондод бештар аст. Дар соли гузашта 1696 кас ба барномаи кӯч қабул шуданд",-гуфт Маркевич.

Панҷоҳ кас шаҳрванди Русия шуд: маросими ёдкарди савганд дар Душанбе

Аз соли 2013 то имрӯз 5 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ба барномаи кӯчидан қабул шудаанд.

Дар барномаи кӯчбандӣ ба Русия 61 минтақаи Русия ворид шудааст, ки машҳуртаринашон вилоятҳои Тамбов, Воронеж, Срердлов, Самара, Калужа ва Тула мебошад. Дар умум 61 минтақаи Русия дар интизори муҳоҷирон ҳастанд.

"Аз соли 2013 то 2017 беш аз панҷ ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон соҳиби шаҳодатномаи кӯчбандӣ шуданду аз ин ҳисоб беш аз се ҳазор хонаводаи тоҷик ба Русия кӯч бастанд", — хабар дод Маркевич.

Вай ҳамчунин қайд карда, ки танҳо 15-20 дарсади шаҳрвандон ба талаботи барнома ҷавобгӯй ҳастанду метавонанд ба воситаи ин барнома ба Русия бикӯчанд.