Вазорати адлия: Дар Тоҷикистон зиндонии сиёсӣ нест

Вазорати адлияи Тоҷикистон эълом кард, ки дар зиндонҳои ин кишвар ҳатто як зиндонии сиёсӣ ҳам вуҷуд надорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 3 фев — Sputnik. Ба гузориши хабаргузории "Парстудэй", Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон дар конфронси хабарии 31-уми январ дар шаҳри Душанбе гуфт, ки ҳамаи зиндониёни ин кишвар ба хотири ҷиноёти худ маҳкум ба ҳабс шудаанд ва ҳеч кас барои фаъолиятҳои сиёсӣ муҷозот нашудааст.

Вазири адлияи Тоҷикистон ҳамчунин бо ишора ба ин ки истилоҳи "зиндонии сиёсӣ" дар қонуни Тоҷикистон вуҷуд надорад, таъкид кард, бинобарин, ҳама гуна иддаоҳо дар бораи вуҷуди зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон бепояву асос аст.

Аммо Стив Свердлов, муҳаққиқи масоили Осиёи Марказӣ дар Созмони Дидабони Ҳуқуқи Башар мегӯяд, набуди мафҳуми "зиндонии сиёсӣ" дар ҳуқуқи ҷиноии Тоҷикистон ба ин маъно нест, ки ҳеч зиндонии сиёсӣ дар ин кишвар вуҷуд надорад.

Вай меафзояд, "зиндониёни сиёсӣ" ва ё "зиндониёни ақидатӣ" мафоҳими шартӣ ҳастанду сарфи назар аз ин ки ин мафоҳим дар қонун вуҷуд дошта бошад ё на, мо дар ҳоли суҳбат кардан дар бораи касоне ҳастем, ки ба хотири фаъолиятҳои сиёсии худ мавриди озору азият қарор гирифта, боздошт ва бидуни риояти муқаррароти байналмилалӣ равонаи зиндон шудаанд.

Як тоҷики бандӣ дар Русия барои ифротгароӣ 7 соли дигар зиндонӣ шуд

Созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар бар ин боваранд, ки Зайд Саидов, вазири собиқи саноати Тоҷикистон ва раҳбари ҳизби сабти номнашудаи "Тоҷикистони нав", Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раиси пешини Ҳизби демократи Тоҷикистон, аъзои Шӯрои сиёсии Ҳизби мамнӯаи наҳзати исломӣ ва вакилони мудофеи онҳо, ки ба иттиҳоми ифротгароӣ, талош барои тағйири давлат ва қонуни асосӣ, фасод, тақаллуб ва ҷаъли аснод маҳкум ба ҳабс шудаанд, зиндониёни сиёсӣ ҳастанд.

Гузориши созмонҳои ҳуқуқи башар ва изҳороти хонаводаҳои даҳҳо тан аз зиндониёни маъруфи тоҷикистонӣ ҳокӣ аз он аст, ки онҳо ба далоили сиёсӣ ба ҳабсҳои тӯлонимуддат маҳкум шудаанд.