ДУШАНБЕ, 2 фев — Sputnik. Бонки Ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон барои густариши кумаки иҷтимоъии инфиродӣ ба бенавоён 1,8 милюн дулори дигар ихтисос хоҳад дод, гузориш медиҳад ТоҷикТА.
Бино ба иттилоъи намояндагии БҶ дар Тоҷикистон, Шурои мудирони муҷрии ин бонк рӯзи 30 январ ин тасмимро тасвиб кардааст.
Ба гуфтаи намояндагони бонк, ин тарҳ аз кӯшишҳои роҳандозии сабтиноми электроник ва огоҳ будан аз ногироён дар Феҳристи миллии ҳифозати иҷтимоъии кишвар пуштибонӣ хоҳад кард.
Ҳамчунин, тарҳ тавоноии маъмурии Ожонси давлатии ҳифзи маданиро тақвият хоҳад дод ва ба сомонаи хидматрасонии ожонс аз тариқи сармоягузорӣ ба бахшҳои минтақаии ҳамоҳангсозӣ беҳбуд хоҳад бахшид.
Ёдовар мешавем, ки ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2011 боз бо пуштибонии Бонки Ҷаҳонӣ заминаи ҳифозати иҷтимоъиро ислоҳ мекунад.