Суруди Афзалшо Шодиев дар озмуни Сада беҳтарин шинохта шуд

Дар озмуни ҷашнӣ дар бахши "Суруди беҳтарин бахшида ба Сада" суруди Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Афзалшо Шодиев беҳтарин дониста шуд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Дар ин бора равобити умумии Вазорати фарҳанги ҶТ хабар медиҳад.

Гуфта мешавад, ки рӯзи 30 январ дар боғи фарҳангию фароғатии "Дӯстии халқҳо"-и шаҳри Душанбе ба муносибати ҷашни Сада барномаи бошукуҳ баргузор гард.

Дар таҷлили ҷашни Сада ёвари раисҷумҳур оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, вазири фарҳанг Шамсиддин Орумбекзода, вазири кишоварзии Иззатулло Сатторӣ, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Нуъмон Абдуғаффорзода, президенти Академияи илмҳо Фарҳод Раҳимӣ ширкат кардаанд.

Ҳунарнамоии Ақназар Аловатов ва Афзалшо Шодиев дар Душанбе

"Дар озмуни ҷашнӣ дар бахши "Суруди беҳтарин бахшида ба Сада" Ҳунарпешаи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон Афзалшо Шодиев ҷои аввалро ба даст овард", — омадааст дар хабарнома.

Афзалшо Шодиев суруди тозаэҷоди худ "Ҷашни Сада"-ро сароидааст, ки ҳам аз ҷониби тамошобинон ва ҳам аз ҷониби доварон баҳои баландро сазовор гардидааст.

Муаллифи шеър Абдуҷаббор Раҳмонзода буда, ба он худи Афзалшо Шодиев оҳанг бастааст.

Соли 2018 нахустин бор ҷашни Сада расман бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил шуд.