Сооронбой Жеенбеков ба Душанбе расид

Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Соронбой Жеенбеков мулоқот кард
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Имрӯз баъди нисфирӯзӣ раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков ба Душанбе расид.

Пештар хабар дода шуда буд, ки Жеенбеков бо сафари кории дурӯза ба Тоҷикистон ташриф хоҳад овард.

Дар фурудгоҳи байналмиллалии Душанбе Сооронбой Жеенбековро сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода пешвоз гирифт.

Қоҳир Расулзода ва Жеенбеков ҳамчунин мулоқот карданд.

Дар ҷараёни ин сафар Сооронбой Жээнбеков бо раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон равобити дуҷониба, амнияти минтақа, ҳамкориҳои иқтисодӣ, энержӣ, масоили марзӣ, тиҷорат ва роҳҳои иҷрои тарҳи "CASA-1000"-ро баррасӣ хоҳад кард.

Ҳамчунин қарор аст, ки кишвардори Қирғизистон бо раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров дидору гуфтугӯ кунад.