ВУД ҶТ: пирамарди 80-сола 75 ҳазор сомонӣ ва 7 ҳазор доллари мардумро дуздид

Муттаҳамро милисаи шаҳри Душанбе дастгир кардаву барояш парванда оғоз кардааст. Бозҷусти ин қазия идома дорад
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон гузориш дод, ки пирамарди 80-солаеро ба иттиҳоми қаллобӣ дастгир кард.

Бино бар иттилои манбаъ, ба Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат марди  48-солае шикоят кардааст, ки моҳи июли соли 2014, марди 80-солае аз деҳаи Муъминободи боло бо роҳи фиреб аз ӯ 75 050 сомониро гирифта то ҳол бар нагардонидааст.

Гуфта мешавад, ин пирамард бо ҳамин роҳ аз марди 43-солае аз деҳаи Андигон 4000 доллари амрикоӣ ва аз марди 46-солае аз деҳаи Ҳоҷиқатаған 2800 доллари амрикоӣ гирифта то ҳол бар нагардонидааст.

"Марди муттаҳам ба қаллобиро кормандони милиса дастгир карда шуд", — омадааст дар ин гузориш.

ВКД ҶТ барои бозҷӯии ин қазияҳо парванда оғоз карда ва тафтишотро идома медиҳад.