Ҳамсояро бишнос: 10 далели аҷиб дар бораи зиндагии тоҷикону қирғизҳо

Даҳ далели аҷибро аз зиндагии тоҷикон ва қирғизҳо дар мақолаи Sputnik бихонед
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. То замоне, ки раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, хабарнигорони Sputnik Қирғизистон 10 далели аҷибро дар бораи ҳаёти тоҷикон ва қирғизҳо омода кардаанд.

1. Масоҳати Тоҷикистон аз Қирғиизстон худртар аст (143 ҳазор километри Тоҷикистон ва 200 ҳазор километри мураббаъи Қирғиизстон). Дар баробари ин дар Тоҷикистон 9 милюн аҳолӣ ба сар мебараду дар кишвари ҳамсоя 6 милюн.

Раҳмон раисҷумҳури Қирғизистонро ба шоҳсуфаи ифтихорӣ даъват кард

2. Тибқи додаҳои Кумитаи омори Қирғизистон тоҷикон дар феҳристи миллатҳое, ки дар Қирғизистон ба сар мебаранд дар мақоми 6-ум ҷой гирифтааст. Дар сатри аавал қирғизҳо, пасон узбекҳо, баъд русҳо, дунганҳо ва уйғурҳо ҷой гирифтаанд. Дар умум 54 мардуми гуногун дар Қирғизистон зиндагӣ мекунад.

3.Сатҳи бенавоӣ дар Тоҷикистон аз Қирғизистон баландтар аст: 31 дарсади Тоҷикистону 25 дарсади Қирғизистон.

4. Тоҷикистон нӯҳумин кишвари харидори колоҳои Қирғизистон аст. Ҳар рӯз шаҳрвандони Тоҷикистон ба маблағи 64 ҳазор доллар моли "made in KG"-ро харидорӣ мекунанд.

5.Қирғизҳо аз Тоҷикистон наонқадар бисёр мол харидорӣ мекунад. Дар феҳристи кишварҳои фурӯшанда Тоҷикистон дар мақоми 19-ум қарор дорад. Ҳамарӯза мардуми Қирғизистон аз Тоҷикистоон ба маблағи 37 ҳазор доллар мол харидорӣ мекунанд.

7. Дар Тоҷикистон хонаводаи миёна аз ҳафт нафар дар Қирғизистон бошад аз панҷ кас иборат аст.

8. Ҳар хонаводаи панҷум дар Қирғизистон ҷудо мешавад. Дар Тоҷикистон бошад ҳар оилаи ҳаштум вайрон мешавад.

9. Занони Қирғизистон аз бонувони Тоҷикистон дида бештар исқоти ҳамл мекунанд. яке аз 76 зани қирғиз дар як сол исқоти ҳамл мекунад.

10. Ҳам тоҷикистониён ва ҳам қирғизистониён аз нисф бештари (52 аз 56) даромадашонро барои ғизо масраф мекунанд.

Пештар хабар дода шуд, ки кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Қирғизистон Сооронбой Жээнбековро дар  Қасри миллат пешвоз гирифт.