Мардуми Кобул ба Покистон: ҳамсояи дағалкор, маргат бод!

Шуморе аз мардуми шаҳри Кобул дар тазоҳуроте бар пуштибонии Покистон аз гурӯҳҳои ҳаросафкан эътироз карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 1 фев — Sputnik. Тазоҳуркунандагон рӯбарӯи сафорати Покистон дар Кобул гирд омада ва пуштибонии Исломобод аз гурӯҳҳои теруристиро шадидан маҳкум карданд.

Мардуми Кобул дар эътироз аз сиёсатҳои Исломобод Покистонро “падари теруристон” хонданд ва шиъор доданд “ҳамсояи дағалкор, маргат бод, маргат бод!”.

Тазоҳуркунандаҳо интизор доранд, ки шаҳрвандони Афғонистон аз дигар гӯшаву канорҳои кишвар низ ба ин эътирозҳо ҳамроҳ шаванд.

Ин тазоҳурот дар вокуниш ба амалиёти интиҳорие баргузор мешавад, ки чанд рӯз пеш садҳо шаҳрвандро куштаву захмӣ карда буд.

Қарор аст, ки рӯзи шанбе, 3 феврал дар Кобул ва дигар шаҳрҳои Афғонистон тазоҳуроти густардае дар вокуниш ба амалиёти ҳаросафкании гурӯҳҳои теруристии Толибон ва “Давлати исломӣ” ё ДОИШ баргузор шавад.

1 / 2
Антипакистанская демонстрация в Кабуле
2 / 2
Антипакистанская демонстрация в Кабуле