Путин ва Эрдуғон аз натоиҷи Ҳамоиши гуфтугӯи миллии Сурия хушнуд шуданд

Сарони Русия ва Туркия Владимир Путин ва Раҷаб Тайип Эрдуғон дар гуфтугӯи телефонӣ аз натиҷаҳои кори Ҳамоиши гуфтугӯи миллии Сурия дар Сочӣ хушнудӣ карданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Ба гузориши дафтари иттилоърасонии Кремл, раҳбарони ду кишвар ҳамчунин бар аҳамияти иҷрои тавофуқҳои ҳосилшуда дар ростои пешбурди самарбахши раванди ҳаллу фасли сиёсӣ дар Сурия бар асоси Қатъномаи №2254 Шурои Амнияти Созмони милали муттаҳид таъкид карданд.

Русия заминасозии Амрико барои бозомӯзии теруристҳо дар Сурияро ошкор кард

Ёдоварӣ мекунем, ки Ҳамоиши гуфтугӯи миллии Сурия дирӯз дар шаҳри Сочӣ дар ҷануби Русия оғоз ба кор карда буд.

Дар ин ҳамоиш 1511 намоянда аз Сурия бо даъвати Вазорати умури хориҷии Русия ширкат карданд. Владимир Путин дар паёме ба онҳо, ки онро Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия боз хонд, таъкид кард, ҳадаф аз баргузории ин ҳамоиш поён додан ба ҳафт соли буҳрон дар он кишвар аст.

Раҳбари Русия дар ин паём ёдоварӣ кард, ки дар музокироти Остона бо мушорикати Эрон, Русия ва Туркия манотиқи коҳиши таниш дар Сурия эҷод шуд ва сатҳи эътимод миёни суриҳо афзоиш ёфт.

Сергей Лавров аз шарикони худ дар Эрону Туркия барои созмондиҳии ин нишаст қадрдонӣ кард.

Дар нахустин рӯзи ҳамоиш дидорҳои дуҷониба ва ройзаниҳои сеҷонибаи намояндагони Эрон, Русия ва Туркия ба унвони кишварҳои ҳомии ин музокираҳо баргузор шуданд. Яке аз муҳимтарин масъалаҳои матраҳ дар ин нишаст ташкили кумисюне барои навиштани матни Қонуни Асосии ояндаи Сурия буд.

Ҳамоиши гуфтугӯи миллии Сурия имрӯз бо судури баёнияе дар 12 банд ва тавофуқ бар сари ташкили кумисюни таҳияи Қонуни асосии ояндаи Сурия ба кори худ поён дод. Ширкаткунандагон дар ин ҳамоиш бар зарурати поён додан ба буҳрони Сурия таъкид карданд.