Задухӯрди гурӯҳии тоҷикон бо русҳо дар Новороссийск: 17 муҳоҷир дастгир шуд

Пулиси шаҳри Новороссийск дар ҷануби Русия 17 шаҳрванди Тоҷикистонро дастгир карда, ки чанде пеш бо нигаҳбонҳои бошгоҳи билиярдбозӣ ҷанҷолу задухӯрд карда буданд
Sputnik

ДУШАНБЕ, 31 янв — Sputnik. Ба гузориши расонаҳои Новороссийск, пулис дар пайгирии задухӯрд миёни муҳоҷирон ва нигаҳбонҳои бошгоҳҳои билиярдбозӣ 17 шаҳрванди Тоҷикистонро дастгир кардааст.

Гуфта мешавад, ки ин задухӯрд 5 январ рух додааст. Далоили сар задани ин ҷанҷол маълум нест, вале пулис мегӯяд, ки 17 муҳоҷири тоҷикистонӣ чанд нигаҳбони бошгоҳро сахт латукӯб кардаанд.

Задухӯрди гурӯҳии тоҷикону узбакон дар Маскав: 12 тан боздошт шуданд

Нигаҳбонҳо, ки шумораашон камтар аз муҳоҷирон буданд, аз ин ҳодиса ба пулис шикоят бурдаанд. Пулис дар пайгирии ин шикоят 17 шаҳрванди Тоҷикистонро дастгир кардааст.

Ду тан аз ин дастгиршудагон муттаҳам ба роҳандозии ҷанҷолу задухӯрд ва боздошт шудаанд. Пулис барои ин ду муҳоҷир парванда оғоз кардааст.

Ҳамчунин 8 тан аз ин дастгиршудагон муттаҳам ба шикастани қонунгузории муҳоҷират шуда ва аз Русия ихроҷ карда мешаванд.